Ссылки доступа

Сарнавишти афғонҳои бандмонда дар Тоҷикистон дар Конгресси Амрико баҳс шуд


Ллойд Остин, вазири дифои Амрико, аз сарнавишти халабонҳо ва низомиёни афғон изҳори нигаронӣ кард, ки дар Тоҷикистон мунтазири бурда шуданд ба кишвари дигаранд.

Ин халабонҳоро амрикоиҳо омӯзиш додаанд ва дар байни онҳо як зани ҳомила ҳам будааст, ки бояд ба зудӣ таваллуд кунад.

143 халабон ва низомии Афғонистон баъди ба дасти "Толибон" афтодани кишвари худ ба Тоҷикистон гурехтанд. Ллойд Остин дар ин бора ҳангоми суолу ҷавоб дар Конгресси Амрико 29-уми сентябр сухан гуфт.

Мақомоти Тоҷикистон бо далелҳои амниятӣ аз ҳама гуна шарҳ дар бораи низомиёни афғон худдорӣ мекунанд.

Ҳафтаи гузашта хабаргузории "Ройтерс" бо такя ба гуфтаҳои чанде аз ин халабонҳо навишт, ки онҳоро дар як осоишгоҳи кӯҳӣ нигаҳ медоранд ва онҳо аз ояндаи худ нигаронанд.

Ҳангоми суолу ҷавоб вакили ҷумҳурихоҳ, Остин Скотт, гуфт, аз таъхир дар берун овардани халабонҳо ё пилотҳо аз Тоҷикистон маъюс шудааст. Ллойд Остин гуфт, масъаларо мефаҳмад ва онро бо Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар миён мегузорад, то корҳо пеш раванд.

Вакили амрикоӣ гуфт, "мо дар Тоҷикистон як занеро дорем, ки нӯҳмоҳа бордор аст, ӯ халабони мост ва мо бояд барои берун оварданаш кумак кунем."

Гуруҳи "Толибон", ки ҳоло қудратро дар Афғонистон ба даст дорад, эълон кардааст, низомиёни ҳукумати собиқ метавонанд баргарданд ва ба ҷони онҳо хатар таҳдид намекунад. Аммо ҳоло нобоварӣ ба ваъдаҳои “Толибон” зиёд аст.

Қаблан баъзе аз низомиёни афғон дар Тоҷикистон аз давлати Канада дархости паноҳандагӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG