Ссылки доступа

Дар зиндони Эквадор 116 зиндонӣ кушта, 80 тани дигар маҷруҳ шуд


Дар зиндони Литорали шаҳри Гуаякили Эквадор дар натиҷаи занозанӣ байни зиндониён 116 кас кушта ва 80 тан маҷруҳ шудааст. Ҳадди ақал сари 5 тани кушташудаҳоро аз тан ҷудо кардаанд.

Дар ин бора хабаргузории Associated Press иттилоъ медиҳад.

Бетартибиҳо дар зиндон 28 сентябр шуруъ шуданд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҷангҷол байни гуруҳҳои Los Lobos ва Los Choneros сар задааст. Ин ду гуруҳ ба қочоқбарони байналхалқии маводи мухаддир марбут ҳастанд. Мақомоти зиндон гуфтанд, зиндониён дар занозанӣ аз силоҳи оташфишон, корд ва бомб истифода кардаанд.

Барои пахш кардани бетартибӣ наздики 400 пулис сафарбар шудааст. Ду корманди пулис низ дар ин ҳодиса маҷруҳ шудааст.

Президенти Эквадор Гилермо Лассо дар низоми зиндонҳо ҳолати фавқулода эълом ва ба ҳукумат иҷоза дод, ки низомиёну пулисро ба зиндонҳо фиристад.

Президенти Эквадор рӯзи 29 сентябр гуфта буд, ҳанӯз наметавонад, кафолат диҳад, ки мақомот вазъро таҳти назорат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG