Хабарнигорон мегӯянд, миёни боздоштшудаҳо Холида Акитхани 65-сола низ ҳаст, ки ба далели дарди пойҳо рӯи аробаи маъюбӣ қарор дорад. Ҳангоми боздошт Акитхан ба замин афтодааст. Пулис сабаби боздошти гирдиҳамомадагон ва ба куҷо бурдани онҳоро хабар надодааст.
Рӯзи 1 октябр дар шаҳри Нурсултон бинои нави сафорати Чин дар Қазоқистон кушода мешавад.
Пештар аз ин пулиси шаҳри Нурсултон борҳо ширкатдорони гирдиҳамоиҳоро боздошт ва нисбаташон парвандаҳои маъмурӣ тартиб додаанд.
Ба иттилои СММ, дар Шинҷони Чин миллионҳо одам ба "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" ва ҳазорон каси дигар бо айбҳои беасос зиндонӣ шудаанд. Инҳо ақалиятҳои миллӣ буда, бештарашон мусалмон ҳастанд. Пекин урдугоҳҳоро "марказҳои касбомӯзӣ" унвон ва фаро гирифтани сокинонро дар он ҷо "мубориза бо тундгароӣ" меномад.