Ссылки доступа

Маҳбуси сиёсии қазоқ Алмат Ҷумагулов аз маҳбас озод шуд


Алмат Ҷумагулов, фаъоли маданӣ ва яке аз се маҳкумшуда дар доираи парвандаи баҳсбарангези "ҷиҳодиён" дар Қазоқистон баъди тақрибан чаҳор соли зиндон аз маҳбаси вилояти Алматои ин кишвар озод шуд.

"Соати шаши субҳ аз хоб бедор карда, гуфтанд, ки бояд санадеро пур кунед. Сипас ба куча бароварда, гуфтанд, ки метавонед ба хонаатон равед. Худам ҳеч чизро нафаҳмидам", - гуфт Ҷумагулов дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Додгоҳи шаҳри Қапшағайи Қазоқистон 15 сентябр дархости Алмат Ҷумагуловро, ки хоста буд, муҳлати боқии ҳукми зиндонаш ба маҳдуд кардани озодӣ иваз карда шавад, қабул кардааст.

Ҷумагулов фаъоли ҷамъиятист, ки хири соли 2018 дар доираи парвандаи маъруф ба "парвандаи ҷиҳодиҳо" ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро дар "тарғиби терроризм" ва "ангехтани хусумати миллӣ" айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG