Ссылки доступа

Маскав гуфт, аз афзоиши таниш байни Тоҷикистон ва "Толибон" нигарон аст


Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия аз Тоҷикистон ва ҳукумати "Толибон", ки назорат бар Афғонистонро ба даст дорад, хост, "роҳҳои аз байн бурдани шиддати вазъ дар сарҳадро" ҷустуҷӯ кунанд.

Алексей Зайтсев, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 30-юми сентябр гуфт, Маскав аз афзоиши таниш байни Тоҷикистон ва "Толибон" нигарон аст.

Ӯ афзуд, "дар бораи аз ҳарду тараф ба сарҳад кашида шудани нерӯҳои мусаллаҳ гузоришҳо расидааст. Мо даъват мекунем, ки Душанбе ва Кобул роҳҳои барои ҳарду ҷониб муносиби ҳалли авзоъро биёбанд."

"Бино ба иттилои ҷунбиши "Толибон", даҳҳо ҳазор нирӯи вижа танҳо дар вилояти наздимарзии Тахори Афғонистон ҷойгир шудаанд", -- гуфт Зайтсев.

Сухангӯи "Толибон" охири ҳафтаи гузашта бо нашри чанд акс дар "Твиттер" хабар дод, ки ба вилояти Тахор, ҳаммарз бо Тоҷикистон, "ҳазорҳо" нерӯи "Лашкари Мансурӣ"-ро фиристодаанд.

Ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Бадахшон, ҳаммарз бо Афғонистон, чанд рӯз пайиҳам бо иштироки сарбозону афсарон ва техникаҳои ҳарбӣ гашти низомӣ баргузор кард.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон", охири ҳафтаи гузашта ҳадаф аз фиристодани нерӯҳоро "пешгирӣ таҳдидҳои эҳтимолӣ" гуфт, аммо аз кадом таҳдиде ном набурд. Маълум нест, эълони фиристодани ҳазорон маргталаби шаҳидшав ба ғайр аз таҳдид нисбат ба Тоҷикистон чӣ буда метавонад.

Як мансабдори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон бо шарти зикр нашудани ном хабари ирсоли "ҳазорон нерӯ"-и "Толибон"-ро воҳима хонд. Вале гуфт, мақомоти Тоҷикистон рӯйдодҳои он сӯи марз мегузарад, аз наздик пайгирӣ доранд.

Пештар "Толибон" батакрор гуфтаанд, ки ба кишварҳои ҳамсоя таҳдидеро раво нахоҳанд дид.

“Толибон” рӯзи 15-уми август бидуни ҷанг, пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, президенти ин кишвар, Кобулро тасарруф карданд ва дар Афғонистон “Аморати исломӣ” ташкил карданд. Бо гузашти наздик ба ду моҳ ҳеч кишвар ин ҳукуматро ба расмият нашинохтааст.

Тоҷикистон ягона кишвари ҳамсояи Афғонистон аст, ки ҳукумати “Толибон”-ро ба шиддат танқид мекунад. Бар илова, мақомоти тоҷик ҷонибдории худро аз Ҷабҳаи муқовимат, ягона нерӯе, ки дар вилояти Панҷшер алайҳи “Толибон” меҷангад, низ пинҳон накардааст.

XS
SM
MD
LG