Ссылки доступа

Дар Қирғизистон театри миллии "Манас" таъсис ёфт


Дар ин бора раиси Девони вазирони Қирғизистон Улуғбек Марипов қарореро ба имзо расондааст.

Роҳбари театри миллии "Манас" Азиз Биймирзо уулу дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, нимзомномаи муассиса 30 сентябр тасдиқ карда шудааст.

Таъсиси театри нав дар Қирғизистонро 25 сентябр дар ҷараёни ҷашнвораи ҳамосаҳои мардуми ҷаҳон дар шаҳри Бишкек эълом карданд. Азиз Боймирзо ҳамчун раҳбари театр муаррифӣ ва аз номи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба ӯ барои харҷҳои муассисаи зери раҳбарияш ба маблағи 500 ҳазор сом (ҳудуди 6 ҳазор доллар) сертификат дода шуд.

Бар асоси қарори Девони вазирони Қирғизистон, фаъолияти театрро Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони он кишвар сармоягузорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG