Ссылки доступа

Дигарандеши қазоқ Арон Отабек шартан аз маҳбас озод шуд


Додгоҳи шаҳри Павлодари Қазоқистон дигарандеш ва шоир Арон Отабекро шартан аз маҳбас озод кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии додгоҳ, ин тасмим бо назардошти вазъи сиҳатии шоири қазоқ гирифта шудааст.

Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Ар. Рух. Хак" Бахидҷон Торогожин 28 сентябрхабар дод, ки Арон Отабек дар беморхона бистарӣ шудааст.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон дербоз аз вазъи сиҳатии шоир Отабек, ки беш аз 15 сол мешавад, дар зиндон аст, нигаронӣ мекарданд. Ӯ дар робита ба ҳаводиси Шонирак дар соли 2006 18 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ ҳафтаи гузашта дар як муроҷиатнома аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев даъват карданд, ки шоир Отабекро афв кунад.

XS
SM
MD
LG