Ссылки доступа

Хонаводаи дагарандеши қазоқ изҳорот нашр карданд


Наздикони шоир ва дигарандеши қазоқ Арон Отабек, ки 1 октябр баъди 15 соли зиндон ба далели доштани "бемории табобатнашаванда" шартан аз маҳбас озод шуд, изҳорот нашр карданд.

Наздикони Отабек мақомоти Қазоқистонро барои он интиқод карданд, ки гӯиё шоирро "бо роҳи фиреб аз беморхона ба дохили ҳавопаймо бурда, саросемавор ба шаҳри Алмато фиристодаанд".

"Мо намедонем, чаро ба Отабек имкон надоданд, ки чизҳояшро бо худ бигирад. Як сумкаи калон бо дастнависҳояш дар зиндон ҳоло дар куҷо ҳаст, намедонем", навиштаанд наздикони шоир.

"Арон Отабек феълан пеш аз ҳама ба табобати фаврии гаронарзиш ва пурра сафед шудан дар доираи парвандаи "Шанирак" ниёз дорад. Парванда зидди ӯ сохта буд ва ҳамроҳи вай Ерганат Тараншиев, Рустам Туяков ва Курманғозӣ Утегенов низ ғайриқонунӣ ба муҳлати тулонӣ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Ба гуфтаи наздикони шоир, Арон афв ё озодии шартиро талаб накарда буд. Ӯ хоста буд, ки пурра сафед карда шавад.

Додгоҳи шаҳри Павлодари Қазоқистон дигарандеш ва шоир Арон Отабекро 1 октябр шартан аз маҳбас озод кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии додгоҳ, ин тасмим бо назардошти вазъи сиҳатии шоири қазоқ гирифта шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ ҳафтаи гузашта дар як муроҷиатнома аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев даъват карданд, ки шоир Отабекро афв кунад.

XS
SM
MD
LG