Ссылки доступа

Валентина Чупик: Ман дар ҳавопаймо ба Ереван парвоз мекунам


Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки як ҳафта дар боздоштгоҳи Русия буд, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар ҳавопаймо буда, ба самти Ереван парвоз мекунад.

Валентина Чупик раиси 48-солаи созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон “Тонг ҷаҳони” (“Субҳи ҷаҳон”) аз 25-уми сентябр дар як боздоштгоҳи фурудгоҳи байналмилалии “Шереметево” буд ва Русия корти паноҳандагиаш дар ин кишварро бекор карда, ҳузури ӯро дар ин кишвар барои 30 сол манъ кард. Ӯ гуфт: “Ман дар ҳавопаймо ҳастам. Маҷбурам телефонам қатъ кунам, ҳоло парвоз мекунем”.

Шароити ҳуқуқии дар ҳавопаймо ба самти кишвари сеюм ҳаракат кардани Чупик маълум нест. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки чӣ гуна шуд ӯро аз боздоштгоҳ озод карда ба кишвари дигар мефиристанд, ӯ гуфт: “Имрӯз хаёлам соатҳои 8 субҳ ба ман шиносномаи узбекӣ доданд. Баъд ПСР тест гирифтанд ва ман ҳамеша дар дохили зиндонам будам. Баъди ин ба ман имконият доданд, ки телефонамро каме нирӯ диҳам. Баъд ба ҳавопаймо гусел карданд”.

Валентина Чупик дар сӯҳбати мухтасараш бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷузъиёти ҳуқуқии ҳолаташро феълан намедонад ва то охир бо вакилону ҳомиёни ҳуқуқаш имкони сӯҳбату дидор кардан надошт. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки оё ин ҳолатро ӯ ба маънои аз таъқиби ҷиноӣ озод шудаву ба Узбекистон истирдод нашудан қабул мекунад, кӯтоҳ гуфт, “шояд ҳамин тавр аст”.

Ҷузъиёти бештар дар даст нест.

Дилшод Тӯйчиев: "Мо ҳам ним соат пеш фаҳмидем"

Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Маскав як ҳуқуқшиноси созмони "Тонг жаҳони" Дилшод Тӯйчиев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки заминаҳои ҳуқуқии озод шудану ба кишвари сеюм парвоз кардани Чупик барои онҳо ҳам маълум нест. Ба гуфтааш, мақомот ба ҷуз маҳрум кардани ӯ аз ҳақи паноҳандагиву 30 сол манъ кардани ӯ аз сафар ба Русия дигар ҳеҷ санад ё огаҳии расмӣ надоданд. Ӯ ҳам гуфт, ки вакилони дифоъ натавонистанд дар давоми як ҳафтаи боздошт бо ӯ дидор кунанд. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки оё сабаби ба Арманистон фиристода шуданаш дар чист, гуфт, "аз рӯи қоидаҳои бозпас фиристодани боздоштшудаҳое, ки аз ҳақи ворид шудан ба кишвар маҳрум мешаванд, маъмулан ба ҳамон давлате ирсол мешаванд, ки аз он ҷо омада будаанд. Валентина Чупик баъди сафар ба Арманистон да Маскав боздошт шуд ва зоҳиран бо ҳамин сабаб ҳам маҳз ба ҳамон кишвар фиристода шуд".

Дилшод Тӯйчиев гуфт, ки дар бораи барномаҳои баъдии Чупик феълан хабар надорад, чунки тасмими ирсоли ӯ ба Ереван "ним соат пеш маълум шуд". Ба саволи ин ки оё Арманистон макони ниҳоии будубоши Чупик мешавад ё ӯ ба Украина меравад, ки ватани бобоии ӯ буда, тибқи баъзи гузоришҳо, аз мақомоти украинӣ ҳам посухи мусбат барои қабули ӯву модараш дарёфт шудааст, изҳори бехабарӣ кард. Ӯ гуфт, "ҳоло чизе гуфтан душвор аст, чунки феълан чизе барои мо ҳам дуруст маълум нест. Вале Валентина Валентиновна Арманистон ва Украинаро ба ҳайси давлатҳои пешрафтаву демократӣ арзёбӣ мекард ва, ба назари ман, ӯ, ки корашро идом доданӣ аст, дар яке аз ин ду кишвар истоданаш дигар муҳим нест. Он ҷо бояд барояш роҳат бошад".

Дилшод Тӯйчиев тасмими мақомоти Узбекистон барои фароҳам кардани шиносномаи шаҳрванди ин кишвар ба Чупикро дар як рӯз "кори оқилона" номид ва гуфт, дар асл "Чупик - як ҳомии бисёр маъруфи ҳуқуқи башар ба Узбекистон лозим нест ва онҳо кори оқилона карданд, ки дар як рӯз барояш шиноснома таҳия карда барои берун рафтани ӯ мусоидат карданд".

Дар Узбекистон, ки ба интихоботи президентӣ омодагӣ мебинад ва номзади асосӣ Шавкат Мирзиёев, президенти амалкунанда аст, ба қавли бархе соҳибназарон, моҷарову обрӯрезиҳои марбут ба фишор болои ҳомии ҳуқуқи башар лозим нест. "Чупик аз СНБ-и давраи Ислом Каримов азият шудааст, Мирзиёв бошад талош мекунад аз худ як чеҳраи раҳбари маданиву пешрафта намоиш диҳад. Ба ҳамин хотир, ба ӯ моҷарое бо як ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар ҳеҷ лозим нест", гуфт як журналисти огоҳ аз вазъият. Ӯ афзуд, "дар Узбекистон бо Чупик ҳеҷ мушкил ё даъвои ҳуқуқӣ надоранд, аз ин рӯ ӯ аз оғоз ба Узбекистон даркор набуд".

Додгоҳи аврупоӣ истирдоди Чупикро манъ кард

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки рӯзи 30-юми сентябр Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар бо як қарораш ихроҷи раҳбари созмони ғайридавлатии “Тонг Ҷаҳони”(“Субҳи ҷаҳон”) Валентина Чупикро аз боздоштгоҳи Русия ҳадди аққал то 17-уми октябр манъ кард.

Дар қарор гуфта мешавад, ки дар робита бо Чупик қоидаи рақами 39-и оинномаи додгоҳиро татбиқ кардааст. Ин қоида ба давлат иҷрои амалҳоеро манъ мекунад, ки метавонанд ба ҳаёт ва саломатии инсон осеби ҷуброннопазир расонад ваё ба давлат ишора кунад, ки аз амале, ки боиси осеб расонидан мешавад, даст кашад. Дар аксар ҳолатҳо қоидаи 39-юм барои роҳ надодан ба ихроҷ ваё депортатсия истифода мешавад.

Рӯзи 30-уми сентябр ба иттилои Александр Ким, вакили дифои Валентина Чупик, кормандони сафорати Узбекистон ба фурудгоҳи байналмилалии “Шереметево”-и Русия рафта, санадҳои таҳияи шиносномаи шаҳрванди Узбекистонро ба ӯ доданд. Александр Ким он замон гуфт, “Валентина Чупик гуфт, ки кормандони сафорати Узбекистон омада ӯро акс гирифтанд. Гӯё барои таҳияи шиносномае, ки ба ӯ имкони сафар ба ҷои дилхоҳашро хоҳад дод. Мо ба ин гап бовар надорем. Мо ба ин андешаем, ки ӯро барои таҳияи шаҳодатномаи бозгашт аксбардорӣ карданд”.

Александр Ким гуфт, тими дифоии Чупик ҳамчунин дар як муроҷиаташ тавассути почтаи электронӣ аз сафорати Украина дар Маскав хостааст, ки ба Валентина Чупик ва модараш Любов Кодентсова дар Украина паноҳандагӣ диҳад.

Аз замони боздошти Чупик дар фурудгоҳи Маскав як ҳафта гузашт. Ӯ замоне боздошт шуд, ки аз як сафари корӣ ба Русия баргашт ва мақомот гуфтанд, ки ӯро ба Русия иҷозаи ворид шудан намедиҳанд. Ӯро аз санади муҳоҷир маҳрум карда, ба мӯҳлати 30 сол ҳақи ворид шудан ба Русияро манъ карданд. Ӯ гуфт, ки эҳтимолан ӯро ба Узбекистон истирдод мекунанд.

Мақомоти Узбекистон ҳеҷ гоҳ расман қазияи Чупикро шарҳ надодаанд.

Валентина Чупик соли 2006 аз тарси таъқиби Хадамоти амнияти миллии Узбекистон аз ин кишвар фирор кард ва соли 2009 дар Русия мақоми паноҳандагӣ гирифт. Он замон ӯ бо кӯмак ба муҳоҷирон машғул шуд ва ба муҳоҷирони корӣ дар амри дарёфти ёрии ройгони ҳуқуқӣ оид ба масоили пайдо кардани кори қонунӣ ва ҳимояти ҳуқуқи онҳо аз боздоштҳои ғайриқонунӣ ёриҳо мерасонид.

Чупи 48 сол дошта, дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ аз боздоштгоҳи "Шереметево" гуфт, бовар дорад, ки сабаби аслии боздошту нияти ихроҷи ӯ аз кораш "асабонӣ будани сохторҳои ҳифзи қонуни Русия мебошад". Ӯ гуфт: "Сабабаш ҳам ин ки аз муҳоҷирон ҳимоят мекардам. Ба ман дар шаби аввали бозпурсӣ корманди ФСБ рӯйирост гуфт, “бо ин рафторе, ки доштед, боз чӣ мехостед? Шумо фаъолона нақл мекунед, ки дар ВКД фасоди доимӣ вуҷуд дорад. Ҳамеша аз болои полис шикоят мекунед, онҳо ҳам аз рӯйи Шумо шикоят мекунанд. Мо наметавонистем чораҷӯӣ накунем”.

Чупик гуфта буд, ки аз истирдод ба Узбекистон ҳарос дорад, чунки, ба иддаои ӯ, он ҷо ӯро шиканҷаву марг таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG