Ссылки доступа

Таркиш дар масҷиди "Идгоҳ"-и Кобул


Забихулла Муджахид
Забихулла Муджахид

Як мақоми "Толибон" гуфт, бар асари таркиш дар масҷиди "Идгоҳ"-и Кобул шахсони мулкӣ кушта шудаанд.

Дар онҷо намози ҷанозаи модари Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, яке аз сухангӯёни "Толибон", баргузор мешуд.

Муҷоҳид 3-юми октябр дар "Твиттер" вуқӯи таркишро тасдиқ кард, аммо шумораи дақиқи кушташудаҳоро нагуфт. Як намояндаи Вазорати корҳои дохилии "Толибон" гуфтааст, баъзе аз гумонбаронро дастгир карданд. Ба қавли ӯ, "бомбаи канори роҳ дар даромадгоҳи масҷиди "Идгоҳ"-и Кобул таркид".

Як рӯз пеш Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфта буд, аз соати 2 то 5-и бегоҳи 3-юми октябр дар "Идгоҳ" маросими видоъ ва дафни модараш баргузор хоҳад шуд. То ин дам ягон гуруҳ масъулияти таркишро ба уҳда нагирифтааст. Маълум нест, ки таркиш пеш аз маросим рӯй дода ё пас аз он.

XS
SM
MD
LG