Санадҳои дастрасшуда нишон додаанд, Курманбоева молики як ширкати пинҳоние буда, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Ба номи ин ширкат ҳеч дороие қайд нашудааст, вале Курманбоева тавонистааст, онро бар ивази 30 млн доллар фурӯшад.
OCCRP мегӯяд, дар ин созиш ду олигарх ва ҷонибдори бовафои Назарбоев Владимир Нӣ ва Владимир Ким даст доранд. Курманбоева 30 млн долларро соли 2010, баъди ду моҳи фавти Нӣ тавассути ширкате дарёфт кардааст, ки ба духтари олигарх мерос мондааст. Владимир Ким шоҳиди ин пардохт будааст.
"Курманбоева ва Назарбоев робитаҳои худро ҳечгоҳ тасдиқ ё такзиб накардаанд. Курманбоева баъди он ҳамсари дувуми Назарбоев номида шуд, ки дар озмуни "Зебосанами Қазоқистон" баранда шуд. Насаби ду писари Курманбоева дар шиноснома Нурсултонулӣ навишта шудааст. Дар Қазоқистон одатан насаби фарзандон аз номи падарашон гирифта мешавад", - навиштаанд муаллифони таҳқиқот.
Ба иттилои OCCRP, Курманбоева мудири эҷодии ду донишкадаи давлатии рақс дар Қазоқистон ва молики чандин ширкату бунёдҳо дар соҳаи балету рақси миллӣ мебошад.