Ссылки доступа

Дар Узбекистон ду рӯзноманигорро 15-рӯзӣ ҳабс карданд


Фото Бобура Ганиева, распространенное в соцсетях.
Фото Бобура Ганиева, распространенное в соцсетях.

Ду рӯзноманигори хабаргузории "Taftish.uz"-и Узбекистон – Бобур Ғаниев ва Аброр Козубоев 15-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ шуданд.

Додгоҳ рӯзноманигоронро дар таҳқири кормандони умури дохилӣ, итоат накардан ва муқобилият нишон додан ба онҳо айбдор дониста, бар иловаи 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ, Ғайниевро 5400000 сӯм (беш аз $500) ва Козубоевро 270 000 сӯм ($25) ҷарима кардааст.

Ҳукми рӯзноманигорон 1 октябри соли равон аз сӯи додгоҳи ноҳияи Учтеппаи Узбекистон содир шуда, яке аз дустони онҳо Обида Салимова ҳам ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс гаштааст.

Ба иттилои додгоҳ, рӯзноманигорони узбек 30 сентябр дар ҷараёни "рейди махсус"-е дар кӯчаи "Фарҳод"-и Учтеппаи шаҳри Тошканд ба фармони кормандони умури дохилии Узбекистон итоат накардаанд.

Он рӯз кормандони пулис мошини Козубоевро боз доштаанд, ки дар дохили он Ғаниев ва Салимова низ буданд. "Ғаниев ва Салимова бо телефонҳои худ корманди пулисро ба навор гирифта, Козукбоев ба ӯ суханҳои таҳқиркунанда гуфтааст", - афзудааст манбаъ.

Дар натиҷа кормандони пулис ҳар серо боздошт карда, ба шуъбаи пулиси Учтеппа бурдаанд.

XS
SM
MD
LG