Ссылки доступа

Муаллифи карикатураҳои паёмбар бо муҳофизонаш дар садамае ҷон бохт


Ларс Вилкс
Ларс Вилкс

Ларс Вилкс, рассом ва муаллифи карикатура ё тасвирҳои танзомези паёмбар Муҳаммад рӯзи якшанбе дар садамаи нақлиётие дар ҷануби Шветсия ҷон бохт.

Пулиси маҳаллӣ гуфт, мошине, ки Вилкс дар он буд, ба мошини боркаш бархурдааст. Дар натиҷа, рассом ва ду моҳифизи ӯ ба ҳалокат расида, ронандаи мошини боркаш захми сахт бардоштааст.

Ларс Вилкс соли 2007 дар тасвирҳояш, ки ҳатто дар нашрияҳои кудаконаи Шветсия ҳам ба нашр расиданд, паёмбар Муҳаммадро масхара карда буд. Нашри ин карикатураҳо дар бештари кишварҳо вокунишҳои тундеро ба миён оварда, муаллиф таҳдид ба қатл низ шуда буд.

Созмони террористии "ал-Қоида" барои сари муаллиф 100 ҳазор доллар мукофот эълом карда, соли 2010 талошҳое ҳам барои оташ задани манзили зисти ӯ анҷом шуданд.

XS
SM
MD
LG