Ссылки доступа

Қудратиҳои Узбекистон мубориза бо гуруҳҳои ифротиро пурзӯр карданд


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон баъди сари қудрат омадани ҳаракати Толибон дар Афғонистон мубориза бо гуруҳҳои ифротии мазҳабиро пурзур кардаанд.

Ба иттилои чандин манбаъ, Вазорати умури дохилӣ ва Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон назорати хонаводаҳои мазҳабӣ, аз ҷумла хонаводаи занони ҳиҷобпӯшро дар вилояти Сурхандарёи ин кишвар, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, тақвият додаанд.

Вазорати умури дохилии Узбекистон мегӯяд, дар давоми як моҳи ахир 200 нафареро дастгир кардааст, ки ба узвият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" гумонбар мешаванд.

Зидди ҳудуди 100 гумонбар бо бандҳои гуногун парвандаи ҷиноӣ боз ва боқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

XS
SM
MD
LG