Ссылки доступа

Президенти Туркманистон вориди Тошканд шуд


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 4 октябр бо сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканди Узбекистон шуд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Туркманистон, Бердимуҳаммадовро дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифтааст.

"Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз майдони "Мустақиллик"-и пойтахти Узбекистон боздид карда, дар назди Ёдгории Истиқлоли он кишвар ба нишони эҳтиром гулчанбар гузошт", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар 5 октябр дар қароргоҳи "Куксарой" баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG