Ссылки доступа

Мушкил дар кори Facebook, Instagram ва WhatsApp


Facebook Instagram
Facebook Instagram

Рӯзи душанбе, 4-уми октябр, дар кори шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram, инчунин, паёмрасони WhatsApp мушкил пеш омадааст.

Дар ин бора пойгоҳи Down Detector иттилоъ дод.

Корбарон низ дар бораи вуҷуди мушкил дар кори ин шабакаҳо дар гӯшаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, гузориш доданд. Яке аз корбарон дар Тоҷикистон навишт, "Фейсбук ва Инстаграм кушода намешавад.

Ҳатто ба воситаи филтршикан. На аз компютер ва на аз телефон." Шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва паёмрасони WhatsApp дар Тоҷикистон маъруфанд. Сабаби мушкилот дар кори онҳо гуфта нашудааст.

XS
SM
MD
LG