Ссылки доступа

Ширкати барқи Қирғизистон чароғи кӯчаҳои шаҳри Бишкекро хомӯш намекунад


Ширкати миллии ҳолдингии Қирғизистон тасмим гирифт, ки рушноии берунии кӯчаҳои шаҳри Бишкекро шабона маҳдуд накунад. Дар ин бора аз ширкат иттилоъ доданд.

Сабаби бекор шудани тасмими пешин хабар дода намешавад. Бо ин вуҷуд, ширкати ҳолдингӣ аз сокинон даъват кард, ки барқро сарфакорона истифода баранд.

Баъди корҳои фаҳмондадиҳӣ, шуруъ аз 26 сентябр харҷи рӯзонаи барқ 400-500 ҳазор кВт/соат кам шудааст.

Рӯзи 29 сентябр расонаҳо навиштанд, ки ширкати миллии ҳолдингӣ фармони хомӯш кардани чароғҳои берунии қаҳвахонаву тарабхонаҳо ва марказҳои дилхуширо додааст.

Дар рӯзи 3 октябр миқдори об дар обанбори Токтогули Қирғизистон ҳамагӣ 12,3 млрд метри мукаабро ташкил медод. Ин дар ҳолест, ки барои тавлиди барқ дар тирамоҳу зимистони Қирғизистон ба 16-17 млрд метри мукааб об ниёз аст.

XS
SM
MD
LG