Ссылки доступа

Дар Тошканд аз сокинон даъват доранд, бо забони узбекӣ суҳбат кунанд


Мақомоти шаҳри Чирчики вилояти Тошканди Узбекистон бо насби варақаҳое аз сокинон даъват мекунанд, ки ба забони узбекӣ суҳбат кунанд.

Ин варақаҳо, ки дар онҳо ба бартарии забони узбекӣ ба русӣ ишора шудааст, дар фурӯшгоҳҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ насб гаштаанд.

Дар шаҳрдории Чирчик гуфтанд, ки иқдоми мазкур ба хотири дастгирии забони давлатӣ роҳандозӣ шудааст.

Забони узбекӣ дар Узбекистон забони расмӣ аст ва забони русӣ дар он кишвар мақоми расмӣ надорад. Бар асоси банди 9-и қонун дар бораи забони давлатии Узбекистон, тамоми коргузориҳо дар ниҳодҳои давлатӣ бояд бо забони узбекӣ анҷом шуда, танҳо дар сурати зарурӣ як қатор санадҳо метавонанд ба забони дигар баргардон шаванд.

XS
SM
MD
LG