Ссылки доступа

Бишкек ба қирғизҳои Помир кумаки башардӯстона фиристодааст


Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар додааст, ки ин кишвар ба қирғизҳои Помири Афғонистон кумак расонид.

Сокинони қирғизтабори Помири Афғонистон бо маводи ғизоӣ, аз қабили орд, биринҷ, равған, шакар ва намак таъмин карда шудаанд.

Ин қирғизтаборон дар давраи аз соли 1575 то соли 1930 ба Афғонистон кӯч бастаанд. Онҳо дар Помири Бузург ва Хурд дар шароити сахт ва бидуни низоми таҳсилу тандурустӣ ба сар мебаранд.

Шумори қирғизҳои Помири Афғонистон соли 2003 то ба 5 ҳазор нафар расида буд, вале ҳоло то ба 1,5 ё 2 ҳазор коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG