Ссылки доступа

Сабаби аз кор мондани Фейсбук дар Тоҷикистон муайян шуд


Ширкати Facebook гуфт, мушкилоти ахир дар кори ин шабакаи иҷтимоӣ дар пайи нуқси техникие пеш омадааст. Муҳандисон гуфтаанд, шабака баъди ворид кардани тағйирот ба баъзе аз бахшҳо аз кор монд.

Намояндагони Facebook барои пеш омадани ин мушкилот аз корбарони шабака узр пурсидаанд.

Дар натиҷа арзиши саҳмияҳои ширкати Фейсбук 5 дарсад поён рафта, ба иттилои Bloomberg, худи бунёдгузори шабака Марк Сукерберг беш аз 6 миллиард доллар зарар дидааст.

4 октябр дар кори шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва паёмрасони WhatsApp мушкил пеш омад. Дар ин бора пойгоҳи Down Detector иттилоъ дод. Корбарон низ дар бораи вуҷуди мушкил дар кори шабакаҳо дар гӯшаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, гузориш доданд.

Яке аз корбарон дар Тоҷикистон навишт, "Фейсбук ва Инстаграм кушода намешавад. Ҳатто ба воситаи филтршикан. На аз компютер ва на аз телефон." Шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва паёмрасони WhatsApp дар Тоҷикистон маъруфанд.

XS
SM
MD
LG