Ссылки доступа

Расонаҳои Бритониё: сармоягузори ҳизби Ҷонсон ҳангоми ришвадиҳӣ ба Гулнора миёнарав буд


Нашрияи бритониёии The Guardian навишт, Муҳаммад Амерсӣ - яке аз бузургтарин пуштибонони Ҳизби муҳофизакорони Бритониё, ки роҳбараш сарвазири кунунии Бритониё Борис Ҷонсон аст, ҳангоми додани ришва ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон, Ислом Каримов, миёнарав будааст.

Дар мақолае дар нашрия, ки 4 октябр нашр шуд, навишта шудааст, ширкати мобилии Шведсия Telia барои вуруд ба бозори мобилии Узбекистон ба Гулнора Каримова дар ҳаҷми 220 миллион доллар ришва додааст.

Аммо вакилони мудофеи Муҳаммад Амерсӣ ин айбҳоро рад мекунанд. Ба гуфтаи вакилон, Амерсӣ "огоҳ набуд, ки ширкати Telia ба Гулнора Каримова ришва медиҳад".

Ин дар ҳолест, The Guardian ва BBC Panorama дар як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ исбот кардаанд, ки Амерсӣ бо ширкати Telia шаш сол ҳамкорӣ дошт ва дар масъалаи вуруд ба бозори мобилии Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозид.

Амерсӣ дар он муддат 65 миллион доллар даромад дида, дар Бритониё амволи гаронқиммат харидааст.

Муҳаммад Амресии 61-сола, зодаи Кения ҳангоми интихоботи порлумонии Бритониё дар соли 2019 ба Ҳизби муҳофизакори Ҷонсон наздики 136 ҳазор доллар кӯмак кард.

Гулнора Каримова дар Узбекистон бо айбҳои таъсиси гуруҳи ҷиноӣ, қаллобӣ, ғорат тавассути азхудсозӣ ва исрофкорӣ 13 солу 4 моҳ зиндонӣ шудааст. Додгоҳ ҳукми ӯро 18 марти соли 2020 содир кард.

XS
SM
MD
LG