Дар ин тағйирот пешниҳод шудааст, ки аз нафақаи асосӣ даст кашида шуда, дар он танҳо ҳаҷми минималии кафолатдодашудаи нафақа боқӣ монад.
Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки тартиби ба нафақа баромадан тағйир ёбад: афроди куҳансол, агар хоҳиши кор карданро дошта бошанд, метавонанд, баъди расидан ба синни нафақа низ кор кунад. Корфармо вазифадор мешавад, ки ба Бунёди нафақа 5% моҳонаро пардозад. Айни замон тарҳи тағйирот барои мувофиқа кардан дар мақомоти Қазоқистон қарор дорад.
Муаллифон мегӯянд, тағйирот "вазъи молии нафақахӯронро беҳ мегардонад".
Ин тағйирот дар ҳолест, ки нафақахӯрон аз низоми нафақа дар Қазоқистон норозӣ ҳастанд. Қарор аст, то соли 2027 синни ба нафақа баромадани занону мардон ба 63-солагӣ баробар карда шавад. Ҳоло ҳар соле синни ба нафақа баромадани занонро 6 моҳ тамдид мекунанд. Занон талаб доранд, ки онҳоро дар 58-солагӣ ба нафақа рухсат диҳанд.
Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон бештар аз 2 миллион нафақахӯр мавҷуд аст.