Дар ин бора дар фармоне гуфта шудааст, ки 4 октябр аз сӯи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.
Фармон ҳамчунин таъсиси кафедраҳои ҷарроҳӣ ва пайвандгарӣ дар Академияи тиббии Тошкандро пешбинӣ мекунад.
Вазорати сармоягузориву савдои хориҷӣ ва Вазорати тандурустии Узбекистон вазифадор шудаанд, ки барои замонависозии маркази ҷарроҳии мазкур бо ҷалби сармояи ниҳодҳои молии байналмилалӣ дар ҳаҷми 11 миллион доллар чора биандешанд.