Ссылки доступа

Мақомот мегӯянд, саросари Душанбе ваксина гирифт


В прививочных пунктах столичных поликлиник безлюдно. Душанбе, 5 октября 2021 года
В прививочных пунктах столичных поликлиник безлюдно. Душанбе, 5 октября 2021 года

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як изҳороти баҳсбарангез гуфт, ҳама сокинони аз 18-сола болои Душанберо (ба истиснои занони ҳомила ва гирифторони бемориҳои ирсӣ) зидди коронавирус эм кардаанд.

Баъзе аз сокинони пойтахт, аз ҷумла ҷавонон, дар суҳбат бо гуфтанд, ки ҳанӯз ваксина нагирифтанд. Омори эълонкардаи маоқомот аз куҷост?

Бар асоси эълони Вазорати тандурустӣ, нақшаи эмгузаронӣ дар Душанбе 104 дарсад иҷро шудааст. Ба гуфтаи масъулин, ба ҷойи қариб 626 ҳазор нафар, онҳо беш аз 628 ҳазор нафарро эм кардаанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ, гуфт, ба он хотир омор 104 дарсад шуд, ки шояд баъзе аз сокинон баъди сафар ва иқомати муваққат дар деҳа, дар фасли тирамоҳ ба шаҳр баргаштанд ва ваксина гирифтанд. “Баъдан шояд бархе нав дар шаҳри Душанбе худро сабтином карданд. Чун бо пайвастани яке аз қисматҳои ноҳияи Рӯдакӣ қариб 250 ҳазор нафар аҳолии шаҳр зиёд шуд”, -- шарҳ дод ӯ.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои фаҳмидани вазъ ба чаҳор ноҳияи Душанбе рафтанд ва аз сокинон дар бораи ваксина гирифтан ё нагирифтан пурсиданд.

Аз 23 мусоҳиби мо 18 нафар тасдиқ карданд, ки зидди COVID-19 ваксина гирифтаанд. Панҷ нафари дигар гуфтанд, аз гирифтани ваксина худдорӣ карданд. Ду нафар гуфт, бо сабаби бемориҳои музмин доштанаш эм карда нашуд. Се нафари дигар гуфтанд, намехоҳанд ваксина бигиранд, чун аз оқибатҳои эҳтимолии он метарсанд. Онҳое, ки ваксина гирифтаанд, мегӯянд, пизишкон баъди моҳи июн хона ба хона гашта, онҳоро эм карданд.

Тоҷикистон ваксинаҳоро тавассути барномаи COVAX-и Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гирифтааст

Се моҳ пеш Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки сокинони аз 18-сола боло дар Душанбе бояд ваксинаи зидди коронавирус гиранд. Барои ин пизишкон маҷбур шуданд, ба коргоҳ, масҷид ва хонаи сокинон раванд. Баъзе аз духтурон он вақт гуфтанд, барояшон нақшаи эмгузаронӣ муқаррар шудааст ва бояд онро иҷро кунанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, баъзе шикоятҳо аз маҷбурӣ гузарондани ваксина ҳам ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Аз ҷумла, довталабони мактабҳои олӣ гуфтанд, бе гирифтани ваксина ҳуҷҷатҳои онҳоро қабул накарданд. Пизишкони оилавӣ тасдиқ мекунанд, ки дар аввал на ҳамаи сокинон ба гирифтани ваксина розӣ мешуданд.

Рустам Қурбонализода, пизишки шифохонаи рақами 13-и Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, “хушбахтона, бештари шаҳрвандон бедудидалгӣ ваксинаро қабул карданд. Новобаста аз ин, онҳое низ буданд, ки даст мекашиданд, намехостанд. Баъд аз корҳои фаҳмондадиҳӣ эм карда шуданд.”

Эмгузаронӣ сокинонро фориғбол кард?

Бар хилофи як моҳ пеш, ин шабу рӯз, ҳуҷраҳои ҷудошуда барои ваксинзанӣ дар шифохонаҳои Душанбе қариб беодам аст. Маълум нест, ин фазо ба хотири кам шудани шумораи хоҳишмандон аст ё бештари сокинон аллакай эм карда шудаанд.

Мустақилона тасдиқ кардани инки ҳамаи сокинони болиғ дар Душанбе эм шудаанд, ғайриимкон аст, аммо ҳарчӣ аст, бештари сокинон дар кӯчаҳо қоидаҳои беҳдоштиро чандон риоя намекунанд. Бахусус дар хиёбонҳои Душанбе дидани шахсоне, ки ниқоби тиббӣ доранд, мушкил аст.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки ваксинзанӣ зидди COVID-19-ро барои шахсони аз 18-сола боло ҳатмӣ кардааст. Мақомот гуфтанд, ин кор бо ҳадафи кам кардани сирояти коронавирус аст, аммо бархе мунтақидон гуфтанд, эмгузаронӣ як кори ихтиёрӣ аст ва набояд касеро барои он маҷбур кард.

Оё 2,5 миллион нафар дар Тоҷикистон эм гирифтанд?

Тибқи омори Вазорати тандурустӣ, то 4-уми октябр қариб 2,5 миллион шаҳрванди Тоҷикистон вояи якуми ваксинаи зидди коронавирусро гирифтаанд. Аз инҳо бештар аз як миллиону 800 ҳазор ё аз се як нафар вояи дувумро ҳам дарёфт кардаанд.

Вале омори расмӣ шубҳаву гумонҳоеро эҷод кардааст. Бахусус инки дар муддати ним сол чӣ гуна қариб 2,5 миллион нафар эм карда шудаанд.

“Тамоми қуттӣ ё шишаҳои ваксинаҳое, ки истифода бурда мешаванд, бояд нобуд карда шаванд. Ҳангоми нобуд кардан ин низ омори худро дорад ва ин қуттии холӣ низ сабт карда мешавад. Яъне, на танҳо омори ваксинашудаҳо, балки аз ҳисоби умумии ваксинаҳои истифодашуда ва баъдан қуттиҳои холии ваксина, метавонем ин оморро дақиқ кунем. Барои мо ҷойи шубҳа нест," – посух дод Наврӯз Ҷаъфаров, масъули Вазорати тандурустӣ.

Тоҷикистон то ин дам панҷ навъи ваксина – AstraZeneca, CoronaVac, Moderna, Sputnik V ва Pfizer гирифтааст. Аз инҳо Pfizer ҳанӯз дар истифодаи пурра қарор нагирифтааст, чун шароити интиқол ва нигоҳдориаш мушкилтар аст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 13-уми сентябр хабар медиҳад, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти коронавирус сабт нашудааст. Мақомот инро яке аз натиҷаҳои муҳими эмкунӣ медонанд, аммо баъзе аз мутахассисон ва сокинон мегӯянд, мумкин аст, шиддати беморӣ андаке поин омада бошад, вале пурра аз байн нарафтааст.

XS
SM
MD
LG