Ссылки доступа

Қазоқтабороне, ки пайвандони дар Шинҷон будаашонро меҷӯянд, вориди порлумони Қазоқистон шуданд


Рӯзи 6 октябр дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон гуруҳе аз қазоқтаборон, ки талаби раҳоии пайвандонашонро аз Шинҷони Чин доранд, вориди бинои порлумони Қазоқистон шудаву муроҷиатномаеро ба вакилон тақдим карданд.

Дар ин муроҷиатнома онҳо аз вакилон хостаанд, ки дар амри раҳоии хешовандонашон аз Шинҷон ва тарк кардани Чин кӯмак расонанд.

Ин қазоқтаборон пештар аз ин ба дастгоҳи президент, вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, ба ваколатдорони ҳуқуқи инсон ва созмонҳои байналхалқӣ бо чунин мазмун муроҷиат карда буданд.

"То ин замон ҳеч кадоме аз ниҳодҳо посух надодаанд. Мо ҳоло дар фикр ба шаҳри Алмато баргаштан ҳастем. Агар посухе дарёфт нашуд, дубора ба шаҳри Нурсултон меоем", - гуфт яке аз қазоқтаборон Байболат Кунболатулӣ.

Гуруҳе аз қазоқтаборон 8 моҳ аст, ки дар шаҳри Алматову Нурсултон бо талаби раҳоии пайвандонашон аз Шинҷони Чин гирдиҳамоӣ ташкил мекунанд. Дар 2 ҳафтаи охир 10 тан аз ин қазоқтаборон ду маротиба дар шаҳри Нурсултон боздошт ва раҳо шуданд. Мақомот онҳоро бо айби гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ҷарима бастанд.

XS
SM
MD
LG