Ссылки доступа

Узбекистон дар мавриди додани пойгоҳҳои худ ба НАТО бо ИМА гуфтугӯ намекунад


Первый заместитель председателя Сената Узбекистана Садык Сафаев
Первый заместитель председателя Сената Узбекистана Садык Сафаев

Муовини раиси Сенати порлумони Узбекистон Содиқ Сафоев гуфт, Тошканд пешниҳоди гуфтугӯ бо ИМА дар бораи додани пойгоҳҳо ба НАТО-ро рад кард.

Ба гуфтаи ӯ, мақомҳои расмии Узбекистон ҳаққи анҷоми ингуна гуфтугӯро надоранд. Зеро "қонун онро манъ кардааст". Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки мақомҳои расмии ИМА бо Тошканд тамос гирифтаанд, ё не.

Пештар "The Wall Street Journal" хабар дода буд, ки ИМА алоқаманди истифодаи муштараки пойгоҳҳои Русия дар Осиёи Марказӣ аст. Ба навиштаи расона, ин масъала дар мулоқоти генерал Марк Миллӣ, раҳбари фармондеҳии Вазорати дифои Амрико бо ҳамтои русаш Валерий Герасимов матраҳ шудааст. Вале Герасимов дар ин бобат ба ҳамтои амрикоияш ҳеҷ ваъдаи аниқе надодааст.

XS
SM
MD
LG