Ссылки доступа

Аз Аврупо хостанд, зидди Назарбоев таҳрим эълом шавад


Фаъолони мадании Қазоқистон 6 октябр дар вохӯрӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Алмато даъват карданд, ки зидди президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев таҳрим эълом карда шавад.

Гуруҳи фаъолони қазоқ, ки дар ҳамоиш ҳам онлайнӣ ва ҳам ҳузурӣ иштирок доштанд, муроҷиатномаи видеоиеро ба унвони вакилони Порлумони Аврупо нашр карданд.

"Мо озодии ҳамаи маҳбусони сиёсӣ дар Қазоқистон ва иҷрои ҳамаи бандҳои қатъномаи Порлумони Аврупо аз 11 феврали соли равонро талаб мекунем. Мо аз Иттиҳоди Аврупо даъват мекунем, зидди ҳамаи онҳое, ки дар поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон даст доранд, таҳрими шахсӣ эълом карда шавад", - гуфтанд фаъолон.

Дар миёни онҳое, ки ба гуфтаи фаъолони қазоқ, ҳуқуқи инсонро дар Қазоқистон поймол кардаанд, номи президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG