Ссылки доступа

Қирғизистон сокинонашро ба сарфаи нерӯи барқ даъват дорад


Ширкати "Шабакаҳои миллии барқи Қирғизистон" 6 октябр гуфт, талабот ба неруи барқ дар саросари ин кишвар якбора афзоиш ёфтааст ва бинобар ин, аз сокинон даъват менамояд, ки барқро сарфа кунанд.

Ба огаҳии ширкат, моҳи сентябр ҳаҷми талабот ба нерӯи барқ дар Қирғизистон 890 млн 374 ҳазор кВт/соатро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 34 млн 351 ҳазор кВт/соат зиёд аст.

Бинобар ин, бо назардошти вазъи ба вуҷуд омада дар обанбори Тоқтагули Қирғизистон аз сокинони он кишвар даъват карда шудааст, ки бидуни зарурат дастгоҳҳои иловагии барқиро истифода набаранд.

Қирғизистон давоми солҳои охир ба далели поин рафтани сатҳи оби обанбори Тоқтагул бо мушкили норасоии нерӯи барқ рӯбарӯ шудааст. Ҳаҷми захираи об дар обанбори мазкур 12,3 млрд метри мукаабро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки он соли гузашта 15,2 млрд метри мукааб буд. Қирғизистон барои бидуни мушкил пушти сар кардани зимистон ба 16-17 млрд метри мукааб об ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG