Бино ба иттилои канали "Кумитаи тафтишотии Белорус" дар Телеграм, ин 136 кас ба таҳқири хидматчии давлатӣ ва ангехтани бадбинии миллӣ айбдор мешаванд. Ҳамаи онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд.
Расонаҳо 30 сентябр низ аз боздошти наздики 50 нафар бо ин айб хабар дода буданд. Боздоштҳо дар робита ба шарҳҳои видеои тирпаронӣ дар Интернет сурат гирифтанд. Дар ин тирпаронӣ корманди 31-солаи ширкати IT Андрей Зелтсер ва афсари амнияти Белорус ҷон бохтанд.
Видео 28 сентябр дар Интернет нашр шуд. Мақомоти Белорус гуфтанд, Зелтсер ба самти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дари хонаи ӯро дар шаҳри Минск бо гумони ҳузури шахсони марбут ба терроризм дар дохили он шикаста, даромаданд, оташ кушодааст.
Як қатор корбарон ба фарзияи мақомот шубҳа карда, гуфтанд, навор дасткорӣ шудааст.