Онҳо шаби 6 ба 7 октябр ба Москва парвоз карда, аммо иҷозаи убур аз гумрукро пайдо накардаанд.
Ба иттилои шоҳидон, шиносномаҳои шаҳрвандони Қирғизистонро, ки ҳамроҳ бо фарзандони ноболиғашон ба Русия парвоз кардаанд, ҷамъ оварда, ҳадафи сафар ба он кишварро мепурсанд ва якнафарӣ иҷозаи убур аз гумрукро медиҳанд.
Дар бораи сар задани ин мушкил то кунун иттилои расмӣ нашр нашудааст. Сафорати Қирғизистон дар Русия гуфт, ҳуқуқшиносонро барои ҳалли мушкили шаҳрвандони Қирғизистон ба фурудгоҳ фиристодааст.
Ба иттилои расмӣ, дар Русия бештар аз 700 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон ҳамчун муҳоҷир қарор дорад. Ба иттилои ғайрирасмӣ, шумори онҳо ба як миллион мерасад.