Ссылки доступа

Қимати газ дар Аврупо ба болотарин сатҳ расид


Қимати газ дар биржаи Аврупо рӯзи чаҳоршанбеи 6 октябр ба бештар аз 1700 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб расид. Ин болотарин қимати таърихӣ аст.

Комисияи Аврупо гароншавии газро ба афзоиши талаботи он марбут донист.

Фаронса, Испания, Ҷумҳурии Чех, Юнон ва Руминя пешниҳод карданд, ки сабаби гароншавии қимати газ дар Аврупо таҳқиқ шавад. Бино ба пешниҳоди онҳо, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бояд, хариди газро ҳамоҳанг созанд.

Қимати газ дар Аврупо аз тобистони соли ҷорӣ рӯ ба афзоиш ниҳод. Яке аз сабабҳои болоравии қимати газро зимистони сарди соли 2020 ва тобистони гарм меноманд. Анборҳои авурпоӣ аз маводи сӯхт холӣ ҳастанд. То рӯзи 1 октябр ҳамагӣ 70 дарсади онҳо пур карда шуданд. Соли гузашта анборҳо ин замон 95 дарсад пур буданд.

XS
SM
MD
LG