Ссылки доступа

Рунамоии китоби духтари Назарбоев дар давраи карантин. Сардухтур гуфт, қонуншикание нашудааст


Книга «Место силы» Алии Назарбаевой в магазине в Алматы. 29 сентября 2021 года

Сардухтури шаҳри Алматои Қазоқистон Жандарбек Бекшин гуфт, рӯнамоии китоби духтари хурдии президенти собиқи ин кишвар Нурсултон Назарбоев дар давраи манъ будани чорабиниҳои оммавӣ ба иллати коронавирус "қоидавайронкунӣ" набуд.

Ба гуфтаи ӯ, маросими мазкур дар бинои Театри давлатии опера ва балети Алмато бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор шуда, ба толор танҳо шаҳрвандони "сабз" роҳ дода шуданд.

"Ҳамаи иштирокдорон зидди коронавирус эм шуда буданд ва натиҷаи манфии санҷиши вирусро низ доштанд", - изҳор дошт Бекшин.

Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ аз сардухтур пурсид, ки иштирокдорон низоми ниқобпӯширо риоя карданд. Зеро дар аксу видеоҳои маросим дида мешавад, касе ниқоб надорад ва фосилаи иҷтимоӣ ҳам риоя намешавад. Аммо сардухтур дубора эм шудани ҳамаи иштирокдоронро такрор кард.

Рӯнамоии китоби Алия Назарбоева, духтари Назарбоев бо номи "Макони қудрат" 16 сентябр дар Алмато, дар шаҳре баргузор шуд, ки ба далели зиёд будани шумори мубталоёни коронавирус дар он дар рӯйхати "сурх" қарор дорад. Дар чорабинӣ соҳибкорон ва ҳунармандон ҳузур доштанд.

Дар Хадамоти беҳдоштии Алмато гуфтанд, ки аксу наворҳои чорабиниро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

XS
SM
MD
LG