Ссылки доступа

Бозҷӯии шадиди муҳоҷирони қирғиз дар фурудгоҳи Москва


Марзбонони Русия қирғизистониҳоеро, ки субҳи 7 октябр тавассути фурудгоҳи "Шереметево"-и шаҳри Москва вориди он кишвар шуданд, мавриди бозҷӯии шадид қарор доданд.

Сафорати Қирғизистон дар Русия хабар додааст, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон се ҳуқуқшиносро ба фурудгоҳ фиристодааст. Яке аз ҳуқуқшиносон бо номи Акимбек Маматов гуфт, қирғизистониҳое мавриди санҷиши шадид қарор дода мешаванд, ки ному насаб ё шиносномаи худро иваз кардаанд.

Шумори шаҳрвандони Қирғизистон, ки ҳоло дар фурудгоҳи мазкури Москва қарор доранд, маълум нест.

Пештар Вазорати умури хориҷии Қирғизистон хабар дода буд, ки 30 сентябр дар Русия муҳлати сабукӣ ба муҳоҷирон ба поён мерасад ва ниҳодҳои Вазорати умури дохилии Русия ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронеро, ки дар он кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд, дигар қабул намекунанд.

Бар асоси иттилои расмӣ, беш аз 700 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, шумори воқеии муҳоҷирони қирғиз дар Русия бештар аз ин аст.

XS
SM
MD
LG