Ссылки доступа

Амрико ба бонувони узбек дифоъ аз худро меомӯзонад


Сафорати ИМА дар шаҳри Тошканд давраи хотимавии Барномаи омӯзишии дифоъ аз худро дар соли 2021 баргузор мекунад. Ҳадафи барнома рушди малака ва эътимод ба нафс аст, ки барои занону духтарон ҳангоми ҳимоят аз худ муҳим мебошад.

Бино ба хабари сафорати Амрико дар Узбекистон, тамринҳо аз моҳи ноябри соли равон ба муҳлати се моҳ дар толори варзишӣ баргузор мешаванд. Давраи омӯзишӣ барои занону духтарон, новобаста аз сину солашон пешбинӣ шудааст.

Довталабон бар асоси синнашон ба ду гуруҳ - аз 13 то 18-сола ва аз 18-сола боло тақсим карда мешаванд. Шумори иштирокдорон дар гуруҳ аз 30 нафар зиёд нахоҳад буд.

Дар давоми се моҳ ба иштирокдорон роҳҳои ҳимояти худ аз хушунати ҷисмонӣ, ҳифзи вазъи ҷисмонии хуб, оромӣ, ҳалли низоъ ва гуфтугӯи озод омӯзонида мешавад.

XS
SM
MD
LG