Ссылки доступа

Ҳукумати Русия тарҳи ҷалби 10 ҳазор сохтмончӣ аз Узбекистонро қабул кард


Ҳукумати Русия тарҳи озмоишии ҷалби неруи кории хориҷиро қабул кард. Дар доираи тарҳи мазкур, вуруди 10 ҳазор сохтмончӣ аз Узбекистон ба Русия дар назар аст, менависанд расонаҳои Русия.

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки ҳамаи онҳо воксин хоҳанд гирифт.

Дар ҳамин ҳол, вазорати сохтмони Русия бояд номгӯи корфармоёнеро тартиб диҳад, ки мехоҳанд, коргарон аз Узбекистонро ба кор ҷалб кунанд.

Миёнаҳои моҳи гузашта мақомоти Узбекистон хабар дода буданд, ки дар фурсатҳои наздик 10 ҳазор узбекистониро барои кор ба Русия ирсол мекунанд.

XS
SM
MD
LG