Ссылки доступа

Вакил: қариб ҳазор кас дар қабристони Бишкек барои худ ҷо харидаанд


Наздики як ҳазор кас аз қабл барои худ дар мазори Ҷанубу ғарби Бишкек ҷо харидаанд. Ин дар ҳолест, ки мазори мазкур ба далели ҷо надоштан соли ҷорӣ баста шудааст.

Харидорон талаб доранд, ки ба онҳо ҳуҷҷат дода шавад. Дар ин бора вакили маҷлиси шаҳрии Бишкек Қозибек Эргешов рӯзи 7 октябр хабар дод.

Вакил гуфт, касоне, ки барои худ ҷо харидаанд, ба вай муроҷиат ва дар бораи пардохти маблағ ва "банд" кардани ҷо ҳуҷҷат талаб кардаанд.

"Ҳуҷҷатҳо мавҷуд буданд, аммо анборе, ки ҳуҷҷатҳо нигаҳ дошта мешуданд, оташ гирифт. Заминҳои фурӯхташуда ҳоло холӣ ҳастанд, аммо одамон шикоят доранд, ки ҷойҳои онҳоро ба касони дигар фурӯхтаанд", - гуфт Эргешов.

Пештар аз ин шаҳрдории Бишкек хабар дода буд, ки қабристони Ҷануби ғарбӣ 1 январи соли 2021 баста шудааст.

Акнун сокинони Бишкекро дар деҳаҳои атрофи он, дар вилояти Чуй дафн мекунанд.

XS
SM
MD
LG