Ссылки доступа

Гурезаи туркмантабори Афғонистон соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ шуд


Салема Рахман, первая женщина-врач среди туркменских беженцев, проживающих в Пакистане, в 2021 году получила премию Нансена по Азии.
Салема Рахман, первая женщина-врач среди туркменских беженцев, проживающих в Пакистане, в 2021 году получила премию Нансена по Азии.

Табиби туркмантабори Афғонистон Салима Раҳмон соҳиби ҷоизаи ба номи Нансени Дафтари комисари олии СММ дар умури паноҳандагон шуд.

Дафтари комисари олии СММ дар умури паноҳандагон 29 сентябр эълом кард, ки Салима Раҳмон барандаи ҷоиза шуд. Салимаи 29-сола дар Покистон ба ҳайси пизишки занона кору зиндагӣ мекунад.

Ба огаҳии СММ, Салима Раҳмон барои "фидокорӣ, далерӣ дар иҷрои вазифаи касбии худ дар давраи пандемияи коронавирус ва талошҳо ба хотири беҳтар кардани таълими духтарон" соҳиби ҷоиза гаштааст.

Ҷоизаро дар сафорати Швейтсария дар Покистон ба Салима Раҳмон тақдим кардаанд.

Салима Раҳмон гуфт, ин ҷоизаи ӯ ба он равона шудааст, ки гурезаҳои туркман сарфи назар аз вазъ бояд ба кудакони худ дониш омӯзонанд. Ба гуфтаи вай, шумори ками туркмантаборон дар Афғонистону Покистон таҳсилдида ҳастанд. Аз ҷумла, духтарони онҳо имкони хеле ками таҳсилро доранд.

Ҷоизаи СММ ба ифтихори муҳақиқ Фритоф Нансен (1861-1930) гузошта шуд, ки вай дар бахши ҳимояи ҳуқуқи паноҳандагон фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG