Ссылки доступа

Таркиш дар анбори аслиҳаи Қазоқистон. "Ин бор касе осеб надид"


Склад боеприпасов на карте Google

Вазорати дифои Қазоқистон хабар дод, ки 10 октябр дар анбори муҳимоти муҳандисӣ- ҷангӣ дар деҳаи "Сарикемер"-и вилояти Ҷамбили он кишвар таркиш рух додааст.

"Ҳангоми таркиш дар гирду атроф одамон набуданд. Биноҳои атроф низ осеб надидаанд. Вазъ дар минтақа ором аст", - омадааст дар иттилоияи Вазорати дифои Қазоқистон, ки рӯзи якшанбе нашр шуд.

Масъулони вазорат гуфтаанд, эҳтимоли рух додани таркишҳои ҳамсон дар оянда низ вуҷуд дорад. Зеро мутахассисони ин ниҳод дуболи маҳви бозмондаҳои таркиши нахустин ҳастанд.

Таркиши нахустин дар пойгоҳи низомии ноҳияи Байзоқи вилояти Ҷамбил рӯзи 26 августи соли равон рух дод. Дар натиҷаи он 11 кас ҷон бохт ва 90 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба огаҳии вазорат, дар ин таркиш 10 корманди ниҳодҳои маданӣ, 6 низомии Вазорати дифои Қазоқистон ва 1 додситони ҳарбӣ ҷон додааст.

XS
SM
MD
LG