Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон 4 тан аз 13 фаъоли ҷамъиятиро зиндонӣ кард


Рӯзи 11 октябр додгоҳи ноҳияи Алмалини шаҳри Алматои Қазоқистон ҳукми 13 тан аз фаъолони ҷамъиятиро содир кард, ки дар "ширкат" дар фаъолияти созмони мамнуъ ва "ташкил"-и фаъолияти ба он монанд айбдор мешуданд.

Чаҳор тан аз он 13 кас ба зиндон ва боқимондаҳо ба маҳдудияти озодӣ аз 1 то 2 сол маҳкум шуданд. Ҳамаи онҳо айбҳои эъломшударо рад карданд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 8 октябр ин 13 фаъоли ҷамъиятӣ дар додгоҳ сухани охиринашонро баён карда буданд.

Айбдоршавандаҳо он замон низ гуфта буданд, ки худро гунаҳкор намеҳисобанд ва аз додгоҳ хостанд, онҳоро озод кунад.

Онҳо дар додгоҳ гуфтанд, танҳо риояи ҳуқуқи шаҳрвандонро талаб карда, ҳеч рафтори ғайриқонунӣ содир нанамудаанд.

Нинагул Ҷумъаниёзова, яке аз фаъолон, ки ба додгоҳ кашида шудааст, гуфт, худро тундгаро намеҳисобад ва танҳо аз фаъолияти ҳукумати феълӣ интиқод кардааст.

"Изҳори ақида карданд, эътироз намудан, дар гирдиҳамоиҳо ширкат кардан - ҷиноят нест. Ин фарҳанг аст. Мехоҳам, маро сафед кунед", - гуфт Ҷумъаниёзова.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои 13 нафар аз 1 соли маҳдудияти озодиҳо то 5 соли маҳрумият аз озодиро талаб карда буд.

XS
SM
MD
LG