Ссылки доступа

Президенти Ҷумҳурии Чехро ба беморхона бурданд


Милош Земан, президенти Ҷумҳурии Чехро рӯзи якшанбе ба бемористон бурданд ва дар шуъбаи эҳё бистарӣ карданд. Расонаҳо рӯзҳои охир аз бадшавии вазъи вай иттилоъ медоданд.

Бистарӣ шудани Земан як рӯз баъди баргузории интихоботи порлумонӣ рух дод, ки бино ба натиҷаҳои пешакӣ, дар интихобот мухолифони Земан раъйи аксариятро касб кардаанд.

Земанро аз қароргоҳи берунишаҳриаш дар Прага ба бемористон бурданд. Бино ба наворҳое, ки нашр шуд, Земан дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон бурда шудааст. Пештар аз ин расонаҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки Земани 77-сола дарди ҷигар дорад.

Дар сурати дарозмуддат шудани табобати президент, порлумон метавонад, ӯро аз мақом барканор кунад. Дар чунин ҳолат, ваколатҳои президентро порлумон ва сарвазир иҷро мекунанд.

XS
SM
MD
LG