Бино ба иттилои хабаргузорӣ, ин коргарон ибтидои моҳи октябр интиқол ёфтаанд.
Ортиқхуҷа Норов, як масъули Оҷонси умури муҳоҷирати хориҷии Узбекистон гуфт, барои сохтмони космодроми Шарқӣ дар маҷмуъ 5000 коргари узбекистонӣ ирсол хоҳад шуд.
Коргаронро барои сохтмони космодром вазорати тандурустӣ ва вазорати корҳои дохилии Русия интихоб мекунанд.