Ссылки доступа

Таркиби девони вазирони Қирғизистон тағйир меёбад


Дар Қирғизистон тасмим доранд, таркиби девони вазиронро тағйир диҳанд. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳанд.

Ба иттилои манобеъ, Оқилбек Ҷабборов, вазири кунунии иқтисод ва молия ба ҳайси раиси девони вазирон пешбарӣ мешавад.

Дар девони вазирони Қирғизистон тағйироти дигаре ҳам сурат хоҳад гирифт, ки мақомоти он кишвар тасмим доранд, дар бораи онҳо рӯзи 12 октябр расман иттилоъ диҳанд.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон ин иттилоъро тасдиқ ва ё рад накард.

Баъди имзои Конститутсияи нави Қирғизистон аз сӯи президенти он кишвар Содир Ҷабборов рӯзи 5 майи соли ҷорӣ, ҳукумати Қирғизистон ба девони вазирон табдил ва таркибу сохтори он тағйир ёфт.

Улуғбек Марипов он замон раиси девони вазирон таъйин шуда буд. Марипов 3 феврал сарвазир ва баъди тағйири таркибу сохтор кардани ҳукумат раиси девон таъйин шуд.

Оқилбек Ҷабборов, ки то ин замон ду бор вазири молия ва иқтисод таъйин шуда буд, моҳи июни соли ҷорӣ бори севум ба вазифа таъйин гардид.

XS
SM
MD
LG