Ссылки доступа

Мақомоти Узбекистон бо $6 млн Ёдгории истиқлол сохтаанд


Мақомоти Узбекистон харҷи Ёдгории истиқлолро, ки дар боғи "Узбекистони Нав" дар ноҳияи Кибраии вилояти Тошканд қомат афрохтааст, ошкор намекунанд.

Ҳукумати шаҳри Тошканд, ки фармоишгари сохтмон аст, иттилоъ дар бораи харҷи онро ошкор накарда, танҳо хабар дод, ки онро ширкати туркие дар 63 рӯз сохтааст.

Боғи "Узбекистон Нав" ва Ёдгории истиқлол дар остонаи рӯзи истиқлоли он кишвар аз сӯи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев кушода шуд.

Як манбаи наздик ба ҳукумати Узбекистон ба расонаҳо хабар дод, ки дар сохтмони ёдгорӣ наздики 6 миллион доллари буҷаи Узбекистон харҷ шудааст. Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти сохтмонӣ ва дарахтони боғ - ҳама аз Туркия оварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG