Ссылки доступа

Бунёди байналмилалии асъор $12,6 млн қарзи Қирғизистонро мебахшад


Қарзи Қирғизистон аз Бунёди байналхалқии асъор 12,6 млн доллар кам шуд. Дар ин бора вазорати иқтисод ва молияи Қирғизистон иттилоъ дод.

Вазорат гуфт, Бунёд қарзи 24 кишвари узвро, ки даромади камтар доранд, коҳиш дод. Миёни 24 кишвар Қирғизистон низ ҳаст.

Пештар аз ин Қирғизистон ҳамчунин хабар дода буд, ки барои тамдиди муҳлати баргардонии қарзи Чин бо Бонки воридоту содироти он кишвар гуфтугӯ дорад. Қирғизистон мехоҳад, 51,1 млн доллари қарзи Чинро 6 сол баъд пардозад. Ин қарз солона 2% меафзояд.

Бино ба иттилои охирин, қарзи Қирғизистон ба 4 млрд 921 миллион доллар расида, аз ин нишондод 85% қарзи хориҷӣ ва 15% қарзи дохилӣ аст.

XS
SM
MD
LG