Ссылки доступа

Коргарони ширкати "Кезбӣ" дар Жанаозени Қазоқистон корпартоӣ карданд


Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон коргарони ширкати "Кезбӣ", ки ба таъмири чоҳҳои ширкати нафткаши "ОзенМунайГаз" машғул ҳастанд, корпартоӣ карданд.

Рӯзи 11 октябр онҳо бо нашри изҳороте корпартоии худро эълом карданд.

Яке аз коргарон матни изҳоротро қироат кард: "Моҳи июли соли ҷорӣ ширкат ваъдаи бештар кардани моҳонаро дод. Аммо моҳи сентябр моҳона афзоиш наёфт. Онҳо ба ваъдаи худ вафо накарданд".

Мудири ширкати "Кезбӣ" Битим Кезбоев корпартоии коргаронро тасдиқ кард. Дар ин кишвар бештар аз 1000 кас кор мекунад.

Дар моҳи июли соли ҷорӣ баъди як ҳафтаи корпартоӣ коргарону корфармо ба созиш расида буданд. Корфармо ваъдаи бештар кардани моҳона ва беҳсозии шароити кориро дода буд.

Дар соли ҷорӣ дар Қазоқистон коргарони чанд ширкат дар минтақаҳои гуногуни он кишвар корпартоӣ карданд. Талаби асосии коргарон афзоиши маош ва беҳсозии шароити корӣ буд. Аммо на ҳамаи онҳо ба талабҳояшон расиданд.

XS
SM
MD
LG