Ссылки доступа

Вазири пешин: Узбекистон мебоист, аз содиркунандаи газ ба воридкунандаи он табдил шавад


Шуруъ аз 1 октябр шахсони ҳуқуқӣ, ки ба воридсозии газ ба Узбекистон машғул ҳастанд, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод шуданд.

Дар ин бора дар фармони президенти он кишвар аз 6 октябр зик шудааст.

То ин замон Узбекистон ба хориҷ газ содир мекард. Анвар Ҳусайнов, вазири пешини таъминоти гази Узбекистон ба ин бовар аст, ки кишвараш солҳо пеш мебоист, аз содиркунандаи газ ба воридкунандаи он табдил шавад.

Узбекистон солона, ба ҳисоби миёна 60 миллиард метри мукааб газ истихроҷ мекунад. 40 миллиард метри мукааби он барои истифодаи дохилӣ харҷ ва боқимонда 20 миллиард метри мукааб ба хориҷ содир мешавад.

Анвар Ҳусайнов мегӯяд, амалан эҳтиёҷоти дохилии Узбекистон на камтар аз 65 миллиард метри мукаабро дар сол ташкил медиҳад. Аммо сарфи назар аз ин, Узбекистон бо назардошти ҳадафҳои сиёсӣ, 20 миллиард метри мукаабро ба хориҷ содир мекунад ва сокинони худро бе газ мегузорад, гуфт Ҳусайнов.

XS
SM
MD
LG