Ссылки доступа

Тарҷумони афғон, ки Байденро наҷот дода буд, ба хориҷ аз Афғонистон рафт


Афганские беженцы

Амон Халилӣ, мутарҷими афғон, ки бо артиши амрикоӣ ҳамкорӣ дошт, ҳамроҳ бо хонаводааш аз Афғонистон берун бурда шуд.

Онҳо ба Покистон ва аз он ҷо ба кишвари дигари амне интиқол меёбанд, хабар дод ABC News.

Дар соли 2008 Халилӣ президенти кунунии ИМА Ҷо Байденро наҷот дода буд. Байден он замон сенатор буд. Байден ва ду ҳамроҳи дигараш ба Афғонистон омада буданд. Чархболи онҳо нишасти изтирорӣ анҷом дод. Чанд кас, аз ҷумла Халилӣ ба наҷоти Байдену ҳамроҳонаш рафтанд. Бо талоши Халилӣ ва дигар наҷотдиҳандагон сенаторҳои амрикоӣ аз минтақаи хатарнок наҷот ёфтанд.

Дар моҳи августи соли 2021, замоне, ки низомиҳои амрикоӣ хориҷ бурдани ҳамкорони маҳаллиашонро аз Афғонистон шуруъ карданд, Халилӣ натавониста буд, ки визаи махсуси муҳоҷират дарёфт кунад. Вай тавассути чанд расонаи амрикоӣ аз Байден хоста буд, ки ӯро ҳамроҳ бо хонаводааш ба хориҷ барад. "Ман ва хонаводаамро наҷот диҳед. Маро инҷо фаромӯш насозед", - навишта буд мутарҷим.

Низомиёни амрикоӣ қариб 20 сол дар Афғонистон буданд. Онҳо амалиётро дар Афғонистон баъди теракти 11 сентябри соли 2001 шуруъ карданд. Мақомоти ИМА гуфтанд, терактро гуруҳи террористии "Алқоида" бо роҳбарии Усома бин Лоден анҷом додааст. Лоден он замон дар Афғонистон мезист.

Охирин ҳавопаймои амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро рӯзи 30 августи соли 2021 тарк кард. Баъди ин ҳаракати "Толибон" аз анҷоми ҷанг ва "пирӯзӣ" дар он хабар доданд.

XS
SM
MD
LG