Ссылки доступа

32 кишвар барои пешгирӣ аз гармшавии замин партови метанро коҳиш медиҳанд


Метановые пузыри

Беш аз 30 кишвари ҷаҳон ба лоиҳаи "Масъулияти ҷаҳонии метанӣ" пайваста, тасмим доранд, то соли 2030 партови метанро то ба 30 дарсад кам кунанд. Маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи душанбе гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, бо гармшавии замин ингуна мубориза барад.

Ин лоиҳа дар арафаи конфронси иқлими СММ, ки қарор аст моҳи ноябр дар Шотландия баргузор гардад, омода мешавад. Ҳадафи он пайвастани кишварҳо ба чораҳои умумӣ ва нигаҳдоштани ҳарорати гармии замин то соли 2100 дар 1,5 дараҷа мебошад.

"Коҳиши олудашавӣ тавассути метан зудтарин ва дастрастарин имкони пешгирӣ аз хатарҳои шадиди иқлимӣ аст", - изҳор дошт президенти Бунёди ҳифзи муҳити зист Фред Крупп.

Амрико аллакай партови метан аз чоҳҳои нави нафту газро назорат мекунад. Оҷонси ҳифзи муҳити зист рӯзҳои наздик қоидаи кор бо ин навъи газро нашр хоҳад кард. Вале ба гуфтаи экологҳо, ҳамзамон бояд ҳаҷми оксиди карбонро низ бояд коҳиш дод.

Зери лоиҳаи "Масъулияти ҷаҳонии метанӣ" аз 20 кишвари олудакунандатарин 9 кишвар имзо гузоштааст. Инҳо Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Канада, Индонезия, Покистон, Мексика, Нигерия, Аргентина ва Ироқ ҳастанд. Чаҳор манбаи олудакунандаи бузурги дигар - Чин, Ҳиндустон, Русия ва Бразилия ҳанӯз дар ин замина изҳори омодагӣ накардаанд.

XS
SM
MD
LG