Ссылки доступа

Парвандаи куштори фаъоли мадании қазоқ аз нав баррасӣ мешавад


Додгоҳи баррасии шикоятҳои вилояти Қарағандаи Қазоқистон ҳукми бегуноҳ эълом шудани гумонбарони парвандаи куштори фаъоли маданӣ Галӣ Бактибоев, ки соли 2019 дар наздикии хонааш, дар деҳаи Атасуи вилоят ба қатл расид, бекор кард.

Парванда барои баррасии дубора ба додгоҳи Қарағанда, ки қаблан ҳукми бегуноҳии гумонбаронро содир карда буд, фиристода шудааст. Вале онро додраси дигар баррасӣ хоҳад кард.

Куштори Бактибоеви 59-сола, ки қаблан борҳо таҳдид шуда буд, шаби 28 майи соли 2019 рух дод. Баррасии парвандаи ӯ моҳи майи соли 2020 оғоз шуда, муфаттишон он замон кушторро фармоишӣ номида буданд.

​Вале додгоҳ собиқ корманд пулис Галим Ахмеджанов ва соҳибкори 41-сола Азамат Букенаев, ки дар ташкили латтукӯб ва куштори фаъоли мадании қазоқ гумонбар мешуданд, сафед кард.

Додрас гуфт, фармоишӣ будани куштор тасдиқи худро наёфт ва ин афрод ба қатли фаъоли маданӣ низ робитае надоранд. Ҳамчунин гумонбари дигар Элдар Жакен танҳо дар латтукӯби фаъолӣ маданӣ айбдор шуда, се сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.

Ҷониби ҷабрдида аз болои ин ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят бурд.

XS
SM
MD
LG