Ссылки доступа

Оқилбек Ҷабборов раиси Девони вазирони Қирғизистон таъйин шуд


Оқилбек Ҷабборов иҷрокунандаи раиси Девони вазирон ва раҳбари маъмурияти президенти Қирғизистон таъйин шуд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, раисҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов дар ин бора фармонеро имзо кардааст.

Президенти Қирғизистон ахиран девони вазирони ин кишварро ба истеъфо фиристода буд. Аъзои девон то ташкили ҳайати нав иҷрои вазифаҳои худро идома хоҳанд дод.

Улуғбек Марипов, ки иҷрокунандаи раиси Девони вазирони Қирғизистон буд, аз мақомаш барканор карда шудааст.

Баъди имзои Конститутсияи нави Қирғизистон аз сӯи президенти он кишвар Содир Ҷабборов рӯзи 5 майи соли ҷорӣ, ҳукумати Қирғизистон ба девони вазирон табдил ва таркибу сохтори он тағйир ёфт.

Оқилбек Ҷабборов то ин замон се бор вазири молия ва иқтисоди Қирғизистон таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG